Ба муносибати фаро расидани Рӯзи пойтахт дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ як қатор чорабиниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида истодааст. Ба ин муносибат 12-уми апрели соли 2023 ба донишҷӯёни курси якуми ихтисоси забони англисӣ (баъди хатми синфи 11) аз тарафи куратори гуруҳ Шукрулло Давлатов дар мавзуи “Рӯзи пойтахт таҷассумгари ватандории мост” дарси кушоди тарбиявӣ доир шуд.
Дар раванди дарс омӯзгор аз таърихи шаҳри Душанбе маълумоти муфассал дода, дар бораи фарҳанги шаҳрдорӣ ва боз ҳам зебову обод кардани он аз ҷониби сокинони саодатмандаш сухан гуфт.
Зикр шуд, ки сокини пойтахт будан масъулияту ифтихори бузург аст. Аз ин рӯ, бояд ҳар яки мо маданияти баланди шаҳрдориро риоя карда, Маромномаи сокини пойтахтро дар амал татбиқ намоем.
Дар идома донишҷӯён доир ба таърихи шаҳри Душанбе, хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷавону ободкори шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободии пойтахт маърузаҳо намуда, шеърҳои баландмазмун қироат карданд.