СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21- март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

7 ноябри соли 2022 дар давлати Миср Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии пиряхҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла, ба пиряхҳои Тоҷикистон, торафт кам кам гардидани захираҳои оби тоза ва оқибатҳои фалокатовари он ҷалб намуда қайд намуданд, ки: “Бо назардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодаи об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.”

Умуман, дар сатҳи Замин пиряхҳо зиёда аз 16 млн. км2, яъне қариб 11 % масоҳати хушкиро ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо ба 30млн. км3 баробар аст. Зиёда аз 99 % масоҳати пиряхҳои Замин дар минтақаҳои қутбӣ ҷойгир мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо дар қуллаҳои куҳҳо низ мавҷуданд. Пиряхҳои Тоҷикистон ба ҳамин гуна пиряхҳо мансубанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ҳолати ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях бо масоҳати 8476 км2 мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии ҳамаи онҳо 567 км3- ро ташкил медиҳад. Гарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан даҳяки масоҳати Осиёи Марказиро ташкил диҳад ҳам, дар ҳудуди он қариб аз се ду ҳиссаи ҷараёни тамоми минтақа ташаккул меёбад. Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 13 км3 об медиҳанд, ки он чоряки ҷараёни дарёҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Пиряхҳо на фақат захиракунандаи об, балки танзимкунандаи намӣ низ мебошанд: онҳо тағйирёбии масрафи дарёҳоро танзим намуда, зариби пасту баландшавии ҷараёнро паст мекунанд, ки ин барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоид мебошад.

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии СММ таъкид намуда буданд: бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст.

Мувофиқи арзёбии коршиносон, таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар тамоми давраи тадқиқот, сар карда аз соли 1930 (якумин ченкуниҳо бо асбобҳо), тахминан сеяки масоҳати умумии яхбастаи ҷумҳурӣ ихтисор шудааст. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асосии оби дарёҳо ба ҳисоб мераванд, ҳамасола ба ҳисоби миёна 0,6-0,8 % масоҳати яхбаста ва 0,1 % ҳаҷми худро талаф дода истодаанд. Дар тӯли ду-се даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 адад пиряхҳо пурра об шуда, ба нестӣ рафтааст. Аз он ҷумла, пиряхи калонтарини Тоҷикистон ва калонтарин дар ҷаҳон пиряхи кӯҳӣ – пиряхи Федченко, ки дар кӯҳҳои Шимолӣ-ғарбии Помир ҷойгир буда, 77 км дарозӣ, 2 км васеъгии миёна, 5 км васеъгии зиёдтарин дошта, масоҳаташ ба 156 км2 (бо ҳамаи шохаҳояш 824,1 км2) ва ғафсии зиёдтаринаш ба 1 км баробар буда, ҳаҷмаш (бо ҳаҷми шохаҳояш якҷоя) 144 км 3 -ро ташкил медиҳад, ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам аз рӯйи масоҳат сол ба сол кам шуда истодааст. Тавре тадқиқотҳои масофавӣ нишон медиҳанд, аз соли 1966 то соли 2000 масоҳати системаи пиряхи Федченко ба миқдори 44 км2 (6 %) ихтисор гаштааст. Тадқиқотҳои яхшиносии тобистони соли 2006 гузаронидашуда нишон доданд, ки дар ҳолати ҳозира ақибнишинии забонаи пиряхи Федченко дар як сол ба 16 м баробар буда, аз солҳои 30- юми асри гузашта, яъне аз давраҳои аввали тадқиқот то имрӯз бештар аз 1 км ақибнишинӣ кардааст. Сатҳи пирях дар қисмати поёнии он нисбат ба сатҳи соли 1980 50м паст гардидааст, яъне дар ин давра пирях таназзул ёфта “хароб” шудааст. Чунин ҳолати таназзулёбӣ дар дигар пиряхҳои Тоҷикистон низ мушоҳида карда мешавад. Мушоҳидаҳои яхшиносони Швейтсария низ нишон медиҳанд, ки пиряхҳои қисмати швейтсарии куҳи Алп бошиддат об шуда, торафт таназзулёбии онҳо афзуда истодааст ва мувофиқи пешгӯйии онҳо баъди 80 сол бештар аз 80 % ҳаҷми ин пиряҳо метавонанд нобуд шаванд. Қайд намудан зарур аст, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим бошиддат обшавии пиряхҳо на фақат ҳаҷми захираҳои оби тозаро кам мекунад, балки оқибатҳои бисёр харобиовару ҳузнангез низ дорад. Аз рӯйи маълумотҳои ташкилотҳои гуногуни экспертӣ маълум мегардад, ки дар ҳолати ҳозира дар ҷаҳон 844 миллион нафар одамон ба оби тозаи тозаи ошомиданӣ дарстрасӣ надоранд, 1,8 миллиард нафар аз оби ифлос истеъмол мекунанд ва 2,4 миллиард нафар ба ҳолати беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2050 дар минтақаҳое, ки ба захираҳои обӣ сарбории зиёд аст, 2,3 миллиард нафар зиндагӣ хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат бо зиёдшавии таъдоди аҳолии ҷаҳон ва дар айни замон, камшавии захираҳои оби тоза шароити таъминот бо оби тозаи безараркардашуда ва дастрасӣ ба ҳолати беҳдоштӣ муташанниҷтар хоҳад шуд. Маълум аст, ки ин муаммоҳо ва талабот ба оби тоза дар ҷаҳон барои таъмин намудан ба захираҳои об ва махсусан оби тоза таъсири зиёд мерасонад. Мувофиқи пешгӯйиҳо талабот ба оби тоза то соли 2030 то 50 % зиёд гардида, норасоии захираҳои оби тозаи мавҷудбударо то 40 % мерасонад. Ба ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим ба пайдошавии ҳолатҳои фавқулодда, ки ба об марбутанд, ба монанди омадани селу обхезиҳои харобиовар мусоидат мекунад.

16 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он аз тарафи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ба амал овардани платформа барои баррасии масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, яъне “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” соли 2025 дар ш.Душанбе Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронида хоҳад шуд. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чунин чорабинии сатҳи баланд мутасаддиёни соҳа муваззаф карда шуданд.

Бахтовари Мирзовалӣ, мудири кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0