МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назар дорад, ки аз санаи 30-юми май то 1-уми июни соли 2023 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиро дар мавзӯи “Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ” баргузор намояд.

Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳифзи муҳти зист, гидрология, масъалаҳо об ва муҳаққиқоне, ки ба масъалаҳои конференсия ҳавасманданд, метавонанд иштирок намоянд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима мегарданд:

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – такмилбахши рушди соҳаи иқлимшиносӣ дар сатҳи байналмилалӣ;

Пайомадҳои тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо;

Масъалаҳои глобалии ҳифзи обу иқлим;

Обшавии пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он;

Нақши кишварҳои ҷаҳон дар пешгирии обшавии пиряхҳо;

Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии мақола ба роҳ монда мешавад.

Забони кори конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Барои иштирок дар кори конференсия то 2-юми майи соли 2023 шакли электронии мақолаҳо қабул карда мешавад.

Маҷмӯаи маводи конференсия қабл аз оғози кори конференсия ба чоп расида, дастрасии иштирокчиён мегардад.

Ба истиснои билети рафту омад, дигар хароҷот (будубош, хӯрок ва сайругашт)-и меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар конференсияро тарафи мизбон бар уҳда мегирад.

Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед, тавассути телефонњои (+992) 908902045, 934547707 ва почтаҳои электронии azamjonyunusi@mail.ru ва sharafjon22@mail.ru маълумот гиред.

Шахси масъул: Раззоқӣ Шараф Саидмурод.

Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!

Кумитаи тадорукот

ДАРХОСТ

барои иштирок дар конференсияи сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи

“Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ.”

1. Ном, насаб ва номи падар (пурра)

2. Ҷои кор, вазифа

3. Дараҷа ва унвони илмӣ

4.Номи мавзӯъ

5. Шарҳи ҳол (CV)

6. Номи кишвар, суроғаи электронӣ ва рақами телефон

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

1. Мақола ба суроғаи электроннии azamjonyunusi@mail.ru ва sharafjon22@mail.ru ирсол карда шавад.

2. Тартиби навиштани мақола ба шакли зерин бояд бошад:

– номи мавзуъ

– ному насаб, ҷойи кор, вазифа ва дараҷаи илмӣ

– матн

– фишурдаи мухтасар (аннотатсия)

– калидвожа

– адабиёт

3. Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word пешниҳод ва ба андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.

4.Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 12 саҳифа бошад.

5. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman ё Times New Roman Tj бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.

6. Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.

7. Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.

8. Барои мазмуни мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матнӣ (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.

Like0