Таърихи коллеҷ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
«КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ БА НОМИ ХОСИЯТ МАХСУМОВАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ»

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР АЗ ТАЪРИХИ КОЛЛЕҶ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 73 воқеъ буда, дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Сталинобод, ки бо қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон аз 31.08.1946, №677 таъсис ёфта буд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.1999, №262 аз Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдил дода шуда, дар сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев маъқул дониста шуд.

Баъдан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2010, №597 ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ табдил гардид ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145 ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номгузорӣ карда шуд.