Китобхона

Мудири китобхона 

Алимова Сайёра Маноновна

 Ихтисос: китобдор, муаррих

Собиқаи умумии корӣ: 13 сол

Рақами телефон: +992 919-22-77-43

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА

Китобхонаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сохтори ҷамъиятӣ буда, тибқи талаботи низомнома фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Коллеҷ ба роҳ монда масъули амалисозии самтҳои зерин мебошад:

  – иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Коллеҷ, қарорҳои шурои олимон     ва дигар супоришҳо;

 – мукамммалгардонии феҳристҳои хонандагон;

– огоҳкунии хонандагон оид ба адабиёти нав;

– назорати хонандагон барои риояи қоидаҳои истифода аз толори хониш, хомӯшӣ ва тартиби умумӣ;

– ташкили китобхонаи электронӣ;

– харидории адабиёти таълимӣ, илмӣ, иттилоотӣ, бадеӣ ва матбуоти даврӣ;

-тибқи Низомномаи фонди гардиши китоб  ба иҷора додани китобҳо;

-тибқи тартиби ҷорӣ ҳамкориҳоро ба китобхонаҳо ва дигар созмонҳо ба роҳ мондан;

-маҳфилҳои дар назди китобхона бударо мунтазам назорат бурдан.

Дар китобхона 2 корманд мудири китобхона ва китобдор фаъолият  мекунанд.