Мудири бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот
Қосимова Мастура Нозимовна
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: забони олмонӣ
Тахассус (касб): омӯзгор
Собиқаи умумии корӣ:40 сол
Рақами телефон: 919165346
Бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот
Бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот фаъолияти худро бо номи гурӯҳи назорати сифати таҳсилот бо фармоиши директори Коллеҷ таҳти №43, аз 01.09.2010 оғоз намудааст. Аввалин роҳбари гурӯҳи назорати сифати таҳсилот ва ҳоло бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот Сатторова М.А. мебошад.
Аз соли 2014 бо фармоиши №30, аз 05.09.2014 то соли 2020 роҳбари бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот номзади илмҳои фалсафа Сулймонов Б. таъин гардид.
Аз соли 2020 мудири бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот Қосимова Мастура Нозимовна ва сармутахассиси бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот Турсунова Р.Т. мебошанд.
Бахш таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф доир ба иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот вобаста ба равияҳои таълимӣ, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва таъминоти сифати фаъолияти ихтисосҳои дар муассисаи таълимӣ амалкунандаро назорат намуда, оид ба тайёр намудани мутахасисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ саҳм мегузорад.