Забон ва адабиёт ҷавҳари ҳастии ҳар миллат аст. Забон на танҳо воситаи муошират, балки ҳомии таърих, фарҳанг ва руҳи мардум мебошад. Адабиёт бошад, дар худ андешаву эҳсоси наслҳоро ҷамъ меорад ва ҳикоягари зиндагии ҷомеа аст. Миллате, ки забон ва адабиёти худро эҳтиром мекунад, решаҳои хешро нигоҳ медорад ва роҳи пешрафти худро дар равшании фарҳанги хеш меёбад.
Забон нахустин рамзи шиносоии миллат аст. Вақте ки кӯдак сухан гуфтанро меомӯзад, на танҳо калимаҳо, балки шеваи фикр кардан, ахлоқ ва дунёбинии халқашро қабул мекунад. Аз ин ҷост, ки омӯзиши забони модарӣ — омӯзиши ҳастии миллӣ аст.
Адабиёти ҳар миллат бозгӯкунандаи ормонҳо, ғамҳо, шодию талхии ҳаёти мардум мебошад. Адабиёти тоҷик, ки реша дар асрҳо дорад, шоҳкориҳое чун “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавӣ”-и Балхӣ ва ашъори Хайёму Саъдию Ҳофизро дарбар мегирад, муаррифгари ҷаҳони андешаи тоҷикон ба дунёст. Забону адабиёт воситаест, ки тавассути он на танҳо илм, балки ахлоқ, ифтихори миллӣ ва шинохти хештан ба насли нав интиқол меёбад. Ҳарчи бештар адабиёт бихонем, ҳамон қадар бештар худро мешиносем.
Имрӯз, дар ҷаҳони пур аз технология ва иттилооти сарозер, вазифаи муаллимон боз ҳам масъулиятноктар гаштааст. Омӯзгор бояд на танҳо донандаи забон, балки дӯстдори адабиёт, таблиғгари фарҳанги миллӣ ва намунаи зинда барои шогирдон бошад. Муаллим ба шогирдон нишон медиҳад, ки сухан қудрат дорад — қудрати сохтани ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва бедор сохтани худшиносӣ.
Ҷавонон, ки имрӯз сутуни ояндаи миллатанд, бояд бо забон ва адабиёти худ на танҳо шинос, балки ифтихор дошта бошанд. Аз тариқи мутолиа, эҷод ва иштирок дар маҳфилҳои адабӣ онҳо метавонанд садои миллати худро ба ҷаҳониён бирасонанд. Шоире гуфта:
Ҳастии ҳар фард ҷони ӯ бувад,
Ҳастии миллат забони ӯ бувад.
Забони мо — забони форсӣ-тоҷикӣ — забони шоирон, орифон, донишмандон ва дилбохтагони ҳақиқату зебоӣ аст. Нигоҳ доштани он — эҳтиром ба гузашта, масъулият ба ҳозира ва бовар ба оянда мебошад.
Забон ва адабиёт танҳо унсурҳои фарҳангӣ нестанд — онҳо нерумандтарин воситаҳои нигоҳдории ҳувият, таърих ва ифтихори миллӣ мебошанд. Ҳар як шаҳрванд, махсусан, ҷавонон, бояд барои рушди забон ва нигоҳдории адабиёт кӯшиш намоянд.
Маҳваши Ғайратшо, коргузори факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психологияи Коллеҷ.
Все реакции:
34Вы, Довуд Ализода, Сазовор Набиев и ещё 31