МАВҚЕИ ЗАН – МОДАР ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН.

Воқеан, зан – модар офарандаи насли инсоният ба шумор рафта, ҳамчунин тараннумгари зебоӣ, бунёдгари муҳаббат ва созандаи зиндагии шоиста барои мардҳо мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҷомеаи Тоҷикистони биҳиштосои мо, зери сиёсати хирадмандонаву раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан модар эҳтироми хосса гузошта, нисбати ин табақаи ҷомеа дар ҳама ҷо афзалият, бартарият ва имкониятҳои зиёд фароҳам меоваранд.

Чун ба ҳамагон маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарини дунё шомил мешавад, ки ин ҳам боиси баробарҳуқуқии зану мард ва ё мувозинати гендерӣ яке аз унсурҳои он мебошад ва ин боиси ифтихор ва пешрафти ҷомеаи мутамаддини мо, тоҷикон гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама баромаду вохӯриҳояшон занону духтаронро васф менамоянду онҳоро барои боз ҳам дуруст тарбия намудани наврасону ҷавонон, омӯхтани касбу ҳунар, нақши арзанда гузоштан дар рушди давлатдории тоҷикон ва зиндагонии шоиста фароҳам овардан барои худ ва наздикон роҳнамоӣ мекунанд.

28-уми декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ нисбат ба зан – модар боз ҳам самимияти худро зоҳир намуда, чунин иброз намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.”

Дар воқеъ мавқеи занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ бомаром боло рафта, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ нуфузу манзалати онҳо афзуда аст. Чунончӣ дар қонунгузории мамлакат ҳамагуна табъиз ва зуроварӣ нисбати занону модарон қатъиян манъ буда, ҳатто ба ин ҳолатҳо ҷазои сангин пешниҳод гардида аст. Дар баробари ин, дар кишвари азизамон ҷиҳати рушду дастгирии занону духтарон як қатор барномаву стратегияҳо аз қабили “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон лаёқатманд”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва амсоли инҳо қабул гардиданд, ки ҳарчанде аксари онҳо барои солҳои муайян ҳам қабул гардида бошанд, хушбахтона барои баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа нақши калидӣ доранд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки зери дастгириҳои Роҳбари давлат имрӯзҳо дар мамлакат соҳибкорзанҳо зиёд гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат хуб ба чашм мерасад. Дар ин хусус Пешвои муазами миллат дар Паём иброз доштанд, ки: “Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.”

Ҳар зан – модар бояд ба дигар давлатҳо қиёс кунад ва бидонад, ки дар ягон давлати рӯйи дунё ба мисли Тоҷикистон занону модаронро дастгирӣ намекунанд ва ба онҳо чунин имтиёзҳо намедиҳанд. Барои мисол, пеш аз ҳама таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси квотаҳои Президентӣ барои ояндаи дурахшони ҷавондухтарон, дастгириву рушди соҳибкорзанон, ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва калидӣ таъин намудани занону модарон ва ғайраҳо далели гуфтаҳои болост.

Суханҳои гуҳарбор ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, занону бонувонро руҳбаланд, намуда, ба мо энергияи тоза мебахшад ва мо ин ҳамаро қадр намуда, кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо дар тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми босазои худро гузошта, дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.

Парвина Саидова, раиси шурои занон ва кор бо донишҷӯдухтарони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0