СОЛИ 2025 – СОЛИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ТАШАББУСИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ АСТ

3-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тули 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нуги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Роҳбари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тули 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд. Барои ҳамин, дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул шудааст, ки тибқи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт. Тавре раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли гузашта ба Системаи Муттаҳидаи Мониторинги Пиряхҳо шомил шуд. Дар айни замон муҳосибаи дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад.

Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд. Аз тарафи мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо бошад, омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои калонтарини кишварро ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз омӯзиши пиряхҳо Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.

Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 барои мониторинг ва омӯзиши доимии пиряхҳо дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8% масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон маркази бузургтарини яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ буда, пиряхҳои воқеъ дар қаламрави он на танҳо махзанҳои об, балки танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошанд.

Аслиддин Шамсиддинов, ассистенти кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0