СОМОНАИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БО ТАРҲИ ЗАМОНАВӢ РӮНАМОӢ ГАРДИД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тадбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ 13-уми марти соли 2023 ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ сомонаи Коллеҷ ба таври тантанавӣ рӯнамоӣ гардид.

Дар чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ рӯзноманигори шинохта, муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” – и Телевизиони “Тоҷикистон” Фатҳиддини Замон ва рӯзноманигори маъруф, корманди ҳафтаномаи “Омӯзгор” Абдурауф Муродӣ ширкат доштанд.

Директори таълимгоҳ Зоир Ғафурӣ ҳамагонро ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуда, нақши расонаҳои иттилоотӣ ва рӯзноманигоронро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии наврасону ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа муҳиму таъсирбахш арзёбӣ намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба фаъолияти раёсат ва омӯзгорони Коллеҷ барои ин иқдоми созанда баҳои баланд дода, дар қисми дуюми чорабинӣ бо пахш намудани тугмачаи рамзӣ ба кори расмии сомона ҳусни оғоз бахшид.

Ҳамзамон, шоири маъруф Муҳаммад Ғоиб як шеъри ватандӯстии худро ба ҳамагон пешкаш намуд.

Дар идома Фатҳиддини Замон ва Абдурауф Муродӣ баромад карда, ба тарҳ, рубрика ва маводи сомона баҳои баланд дода, ба раёсати Коллеҷ барои ин ташаббуси шоиста офарину аҳсан гуфтанд.

Инчунин, Фатҳиддини Замон ифтитоҳи сомонаро дар замони таҳримҳои иттилоотӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки бояд ҳар як шаҳрванди ватанпараст, бахусус, аҳли зиё имрӯз дар набардҳои иттилоотӣ бар муқобили нотавонбинону хоинон мубориза барад.

– Мо боварӣ дорем, ки сомонаи Коллеҷи омӯзгорӣ дар баробари инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар ва фаъолияти таълимгоҳ дар набардҳои иттилоотӣ фаъолияти худро густурдатар менамояд, – чунин зикр шуд дар чорабинӣ.

Дар рафти рӯнамоии сомона иттилоъ дода шуд, ки маводи дар он ҷойгиршуда бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар бахшҳои алоҳида ҷой карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар сомона маълумотҳо доир ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Коллеҷ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи раёсати Коллеҷ ба Шоири халқии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик сипоснома тақдим гардид.

РS: Бо ин нишонӣ koshd.tj метавонед ба сомонаи Коллеҷ метавонед ворид гардед.

Like0