ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Бо мақсади ташреҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 10-уми январи соли 2023 бо иштироки Зоир Ғафурӣ – директори Коллеҷ, Зулфиқор Гулаҳмадзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муовини аввали раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ширин Қурбонова – раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муслиҳиддин Бурҳонзода – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии КИ ҲХДТ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён чорабинӣ зери унвони “Паёми Президент – санади тақдирсози миллат” баргузор гардид.

Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, сокинони кишвар дастурест раҳнамо ва санадест сарнавиштсоз.

“Соли 2022 барои кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон соли хотирмону нусратбор буда, дар таърих бо ҳарфҳои заррин дарҷ шудааст, зеро дар ин сол миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои назаррасу беназир ноил гардида, сатҳи зиндагии мардум боло рафта, иқтисоди миллӣ тадриҷан беҳтар шуд.”- илова намуд З.Гулаҳмадзода.

Дар идома Ширин Қурбонова баромад намуда, изҳор дошт, ки дастгириву иқдомоти Пешвои муаззами миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ нисбати бонувон шоистаи таҳсину ифтихор аст. Аз ин ҷост, ки имрӯз занону духтарон дар ҷомеа мавқеи намоён дошта, дар ҳама самтҳо фаъолияти назаррас доранд.

Сипас, Муслиҳиддин Бурҳонзода дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Президенти мамлакат, дастгириву иқдомоти мондагору таърихии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва нақши ин қишри созандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан гуфт.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ зимни суханронии худ чунин изҳор дошт: “Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки соҳаи маориф ва илм чун ҳамеша мавзуи меҳварии Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар Паём Пешвои миллат барои баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми тамаддунофари тоҷик дастурҳои судманд доданд”.

Like0