Факултети филология ва таърих

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ

Гадоев Хусрав Баротович

Таҳсилот: олӣ

 Ихтисос: лингвист ва муоширати байнифарҳангӣ

Тахассус (касб): лингвист-тарҷумон

Собиқаи умумии корӣ: 10 – сол

Рақами телефон: (+992) 98-564-58-88

E.mail: husrav.1986@mail.ru

ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ВА ТАЪРИХ

         Факултети  филология ва таърих соли 2015 таъсис ёфта, имрӯз дар назди он ду кафедра – кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ фаъолият менамоянд. Аввалин декани факултет н.и.ф., дотсент Вафо Элбоев буд. Айни замон иҷрокунандаи вазифаи декани факултети филология ва таърих Гадоев Хусрав Баротович мебошад.

         Дар факултет омӯзгорони ботаҷриба ба зиёда аз 250 нафар донишҷӯ таълиму тарбия медиҳанд. Дар факултети филология ва таърих донишҷӯён аз рӯйи ду ихтисос дар заминаи синфи 11 ва дар заминаи синфи 9 як ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

  1. 2-02 03 01 – забон ва адабиёти тоҷик (дар заминаи синфи 9 ва 11);
  2. 2-02 01 01 – таърих (дар заминаи синфи 11).

Дар ихтиёри факултет 8 синфхонаи таълимӣ қарор дорад, ки  2-тои он синфхонаи мултимедӣ ва 1-то синфхонаи компютерӣ мебошад.