ШУРОИ ОЛИМОНИ КОЛЛЕҶ

Котиб: Сафозода Сорбон

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: улуми исломӣ ва ихтисоси забон ва дабиёти рус

Тахассус: омӯзгори улуми исломӣ ва забон ва адабиёти рус

Собиқаи умумии корӣ: 8,5 сол

Рақами телефон: (+992) 918 47 23 41

E.mail: sorbonisafo91@mail.ru

Шурои олимони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи Коллеҷ фаъолият менамояд ва он дар ҳайати 26 нафар таъсис дода шуда, бо пайдо шудани зарурат ба шуро  аъзои нав ворид карда мешавад. Ба ҳайати шурои олимони Коллеҷ директор, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва раиси Иттифоқи касаба шомил ҳастанд.

 Шурои олимон барои беҳтар намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар сол фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои Коллеҷ аз назорати аъзои шурои олимон гузашта, вазъи раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷаласаҳои шуро мавриди баррасӣ қарор мегиранд.