КОРНОМАИ БУЗУРГУ ТАЪРИХӢ ВА ҚАҲРАМОНӢ ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар Давлати Қатар дар 18-умин боз иҳои футболи Ҷоми Осиё – 2023 ба музафаррияти таърихиву бузург ноил шуда, муаррифгари давлату миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ шуданд.

Футболбозони далеру ватандӯст ва худшиноси мо бо маҳорати баланд тамоми неруи хешро сарф карда, майдондориву таърихнависӣ карданд, ки натиҷаи он дар таърихи футболи тоҷик беназиру арзишманд ва шоистаи ифтихору таҳсин аст.

Мавриди зикру ифтихор аст, ки соҳаи варзиш, хусусан, футболи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикору таваҷҷуҳи Пешвои ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври бесобиқа рушд ёфта, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини Осиё ва сад дастаи беҳтарини ҷаҳон дохил гардид.

Мулоқоту судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар таърихи футболи тоҷик саҳифаи нав боз намуд.

Ин мулоқоти судманду самимӣ ва таърихиву тақдирсози Пешвои ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи шонаҳои ҷавонони ватандӯсту номбардори меҳан масъулияти азиме гузошт. Натиҷаи ин мулоқоту ҳидоятҳои Сарвари давлат буд, ки варзишгарони мо дар бозӣ бо дастаи Лубнон пирӯзӣ ба даст оварданд. Оре, футболбозони далери тоҷик бо тамоми неру дар ин сабқати таърихиву тақдирсоз бозӣ карда, давлату миллати тоҷикро муаррифӣ карданд.

Боиси ифтихори бузурги мост, ки дар ин сабқат футболбозони тоҷик пирӯзӣ ба даст оварда, бори дигар исбот карданд, ки миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз ҳама имтиҳон сарбаландона гузашта, муваффақ мегардад.

Натиҷаи ин бозии таърихӣ ва роҳ ёфтан ба чорякфинали бозиҳои футболи Ҷоми Осиё 2023 рӯзҳо сархати расонаҳои олам ва вирди забони тоҷикону форсизабони ҷаҳон буду ҳаст. Ҳама пирӯзии таърихӣ ва истеъдоди волои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ситоиш мекарданд.

Шодиву нишоти мухлисонро аз кишвари соҳибистиқлоли мо, Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Эрону Ӯзбекистон ҳадду канор набуд. Ҳаводорони футболи тоҷик дар тамоми гушаву канори ҷаҳон аз хурсандии зиёд ашки шодӣ рехта, шодишарики мо дар ин пирӯзии бузургу таърихӣ буданд.

Ширкати футболбозони тоҷик дар бозиҳои футболи Ҷоми Осиё – 2023 ва роҳ ёфтани онҳо ба чаҳорякфинал бори дигар исбот кард, ки миллати тоҷик иттиҳоду ватандӯст ва хештаншиносу далер аст. Ин миллати куҳанбунёд аз пирӯзии ҳамватанонаш ашки шодӣ мерезад, ҳазорҳо нафар бо вуҷуди дурии роҳ баҳри дастгириву мухлисӣ озими Давлат Қатар мешавад ва баробари футболбозони диёраш қалби ҳар як сокинаш даруни сина бетобӣ мекунад.

Ширкати Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозии дастаҳои Тоҷикистону Урдун ва мулоқоти самимӣ бо футболбозони тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш, хусусан, футбол бузургу намунаи ибрати пайравӣ ба оламиён аст.

Бо вуҷуди он ки дар бозӣ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пирӯзӣ насиби дастаи мо нагашт, аммо ба гуфти мухлисон ва ровиён аз шабакаҳои ҷаҳонӣ: “бозии футболбозони далери тоҷик болотару арзишмандтар аз пирӯзӣ аст.” Ин бозӣ миллатро бори дигар канори ҳам сарҷамъу иттифоқ карда, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз анҷоми бозии дастаҳои Тоҷикистону Урдун ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҳунарнамоии беназиру бузург дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуда, ба футболбозони далери тоҷик чунин изҳор доштанд: «Тамоми Тоҷикистон бо шумо фахр мекунад! Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда! Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Барои ҳамааш ташаккур!»

Ин сатрҳои меҳрбори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба руҳияи варзишгарони далери мо таъсири мусбӣ гузошта, онҳоро барои минбаъд қадам гузоштан ба сӯйи музаффариятҳо роҳнамоӣ кард. Баъд аз бозӣ вохӯрии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, пазироӣ дар меҳмонхонаи Давлати Қатар ва истиқболи самимии намояндагони Ҳукумати кишвар ва миллати тоҷик дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе далел аз далериву корномаи бузурги футболбозони тоҷик аст.

Пирӯзии таърихӣ ва далериву корномаи бузурги ҳар кадоми шумо – футболбозони ватандӯсту худшинос дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шуда, роҳи бузургеро баҳри насли имрӯзу фардои футболи тоҷик боз кард.

Шумо ифтихори миллат ҳастед, футболбозони далери тоҷик!

Ба пеш – ба сӯйи муваффақиятҳои беназир!

Зоир Ғафурӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0