Факултети забонҳои хориҷӣ

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ

Нозимов Исомуддин Сафаралиевич

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: забони арабӣ

Тахассус (касб): тарҷумон

Собиқаи умумии корӣ: 10 сол

Рақами телефон: (+992) 93-873-00-00

E.mail: novi4ok1314@mail.ru

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Факултети забонҳои хориҷӣ соли 2015 таъсис ёфтааст, ки дар назди он имрӯз 2 кафедра – кафедраи забон ва адабиёти рус ва кафедраи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд. Аввалин декани факултет н.и.п., дотсент Ҳоҷиева Мавҷуда Халиқовна буд. Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи декани факултети забонҳои хориҷӣ Нозимов Исомуддин Сафаралиевич мебошад.

Дар факултет устодони ботаҷриба – профессорону дотсентон ва ассистентону муаллимони калон ба зиёда аз 500 донишҷӯ таълиму тарбия медиҳанд. Дар факултети забонҳои хориҷӣ донишҷӯён аз рӯйи 3 ихтисос дар заминаи синфи 11 ва 2 ихтисос дар заминаи синфи 9 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

  1. (заминаи синфи 9 ва 11);
  2. (заминаи синфи 9 ва 11).

Дар ихтиёри факултет 4 синфхонаи мултимедӣ ва 1 синфхонаи компютерӣ қарор дорад.