Хобгоҳ

Фаъолияти хобгоҳ дар асоси Низомнома ва Оинномаи Коллеҷ ба роҳ монда шудааст.

Хобгоҳ дорои се ошёна буда, дар дохили таълимгоҳ ҷойгир мебошад. Дар хобгоҳ 21 ҳуҷраи истиқоматӣ, ҳуҷраи кории комендант, ошхона ва ғайра мавҷуд аст. Хобгоҳ имконияти ҷой намудани 120 нафар донишҷӯро дорад.

Айни ҳол дар хобгоҳи муассиса 116 нафар донишҷӯ истиқомат менамоянд. Хобгоҳи муассиса аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.