Бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот

Мудири бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот

Қосимова Мастура Нозимовна

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: забони олмонӣ

Тахассус (касб): омӯзгор

Собиқаи умумии корӣ:40 сол

Рақами телефон: 919165346

Бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот

             Бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот  фаъолияти худро бо номи гурӯҳи назорати сифати таҳсилот бо фармоиши директори Коллеҷ таҳти №43, аз 01.09.2010  оғоз намудааст. Аввалин роҳбари гурӯҳи назорати сифати таҳсилот ва ҳоло  бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот  Сатторова М.А. мебошад.

             Аз соли 2014 бо фармоиши №30, аз 05.09.2014 то соли 2020 роҳбари бахши назорат ва таъминоти сифати таҳсилот номзади илмҳои фалсафа  Сулймонов Б. таъин гардид.

             Аз соли 2020 мудири бахши  назорат ва таъминоти сифати таҳсилот  Қосимова Мастура Нозимовна ва сармутахассиси бахши  назорат ва таъминоти сифати таҳсилот  Турсунова Р.Т. мебошанд.

             Бахш таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф доир ба иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот вобаста ба равияҳои таълимӣ, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва  таъминоти сифати фаъолияти ихтисосҳои дар муассисаи таълимӣ амалкунандаро  назорат намуда, оид ба тайёр намудани мутахасисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ саҳм мегузорад.