Шурои кор бо занон ва донишҷӯдухтарон

Раиси шуро: Бобизода Раҷабгул

Таҳсилот: Олӣ

Ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик

Собиқаи умумии корӣ: 2 сол

Рақами телефон: +992 007-33-36-61

E-mail:bobizodabasonat@gmail.com

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРО

Шурои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ сохтори ҷамъиятӣ буда, тибқи талаботи низомнома фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Коллеҷ ба роҳ мондааст.

Шурои кор бо занон ва донишҷӯдухтарон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти муассиса вобаста ба самти корҳои тарбиявӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои корҳои сиёсӣ, фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо шурои кор бо занону духтарони факултетҳо ва зерсохторҳои муассиса пайваста ҷаласаю вохуриҳо баргузор намуда, вобаста ба корҳои анҷомёфта ба шуъбаи тарбия маълумотнома манзур менамояд.