ҒАМХОРӢ БА АФСАРОНУ САРБОЗОН – НИШОНИ ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба Садриддин Айнӣ 30-юми декабри соли 2022 дар полки Коммендантии Ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли нави мелодии 2023 барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, дастархони солинавӣ ороста шуда, ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, муовинони раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдусаттор Ҷабборӣ ва Саида Нурляминзода, муовини директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Сафаргул Иброҳимова ва ҳайати шахсии афасарону сарбозони қисми низомӣ ширкат намуданд.

Меҳмонон суханронӣ карда, афсарону сарбозони қисми низомии мазкурро ба муносибати Соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод намуданд. Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хубтару беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ, ҳамаи шумо ҳомиёни Ватанро мебояд бо далериву ҷасурӣ ва тайёрии баланди ҷангӣ ҳамеша ба ҳимояи марзу буми Ватани биҳиштосоямон омода бошед.

Сипас, барномаи консертии омоданамудаи шуъбаи фарҳанги Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз қабили сурудҳои ватандӯстиву рақсӣ, саҳначаҳои ҳаҷвиву тарбиявӣ ва рақсҳои мавзун ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, шодиву хурсандии ҳайати шахсии қисми низомии мазкур ҳадду канор надошт.

Дар охир командири қисми ҳарбии мазкур Абдуҷаббор Одиназода барои чунин иқдомоти ғамхорона нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Like0