БА ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КОЛЛЕҶ БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

26-уми декабри соли 2022 бо иштироки директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наҳтулло Айнуллозода ва омӯзгорону кормандони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботии солонаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ директори таълимгоҳ Зоир Ғафурӣ доир ба фаъолияти муассиса дар соли 2022 маълумоти муфассал дода, оид ба фаъолияти ҳамаи самтҳои Коллеҷ ба таври мушаххас ба ҳозирин маълумот дод.

Роҳбари муассиса чунин изҳор дошт: “Дар як муддати кутоҳ дар Коллеҷ китобхонаи замонавии дорои толорҳои хониш ва электронӣ ва парки технологӣ таъсис ёфт, ки барои рушду тараққиёт ва пешрафти муассиса мусоидат хоҳад кард.”

Дар навбати дигар иттилоъ дода шуд, ки дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба бо ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва бо дастгирии роҳбарияти муассиса 10 нафар омӯзгори Коллеҷ ба докторантура дар ихтисосҳои гуногун ва 2 нафар унвонҷӯ ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба таври ройгон қабул гардиданд. Инчунин, 5 нафар омӯзгори дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадияшон қарор доранд, ки Раёсати Коллеҷ онҳоро бо мукофотпулӣ ҳавасманд мегардонад.

Директори муассиса дар баробари пешниҳоди ҳисобот ба масъулини самтҳои таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва парки технологиро вазифадор кард, ки:

– Ҷиҳати иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декабри соли 2022 барои автоматикунонии таълим ва баланд бардоштани суръати интернет дар Коллеҷ дар муддати кутоҳтарин чораҳои зарурӣ андешида шавад;

– Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва потенсиали илмии муассиса ҳамкориҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва берун аз он ба роҳ монда шавад;

Бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва сиёсатмадорону омӯзгорони пуртаҷриба ҷиҳати пурзур намудани корҳои тарбиявӣ, аз ҷумла нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, рӯ наовардани онҳо ба фарҳанги бегона ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо чораҳо андешида шаванд;

– Аз ҳисоби ошхонаи дар назди парки технологӣ қарордошта ба донишҷӯёни ятими кул ва маъюб хӯроки ройгон дода шавад ва онҳо ба омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун ва забонҳои хориҷӣ ҷалб гарданд.

Дар интиҳои ҷаласа Довуд Ализода ҳисоботи солонаи роҳбари муассисаро қаноатманд ҳисобида, ба он баҳои баланд дод. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳисоботи солонаи Зоир Ғафурӣ таҳлилӣ буда, нисбат ба ҳисоботи дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беҳтар ва сазовори баҳои баланд аст.

Наҳтулло Айнуллозода низ ба ҳисоботи солонаи роҳбари Коллеҷ баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои судманди муассиса бо Донишгоҳи омӯзгорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Коллеҷ суханронӣ карда, дастовардҳои Коллеҷро дар давраи ҳисоботӣ назаррас ва бузург арзёбӣ карданд.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти Коллеҷ қарорҳои лозима қабул гардид.

Like0