РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА БО МУАССИСАҲОИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои рушди маорифу илм, боло бурдани мавқеъи омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастгирӣ ба соҳаи маорифро “сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан” донистаанд.

Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ бо мақсади рушди ҳамкории муассисаҳо, табодули донишҷӯён, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ҷиҳати боло бурдани сифати таҳсилот ва фаъол гардонидани Парки технологӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 10.08 то 23.08.2023 сафари корӣ анҷом дод.

Директор Зоир Ғафурӣ ба шаҳру вилоятҳои Sichuan Province, Neijiang city (Neijiang Normal university) ва Jiangsu Province, Xuzhou city, (Jiangsu normal university) сафар намуда, аз шароити таҳсилу забономӯзии донишҷӯён ва фаъоляти кормандону омӯзгорон шинос шуда, бо роҳбарияти муассисаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти судманд намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ихтисоси забони хитоӣ таъсис ёфта, дар соли таҳсили 2023-2024 ба фаъолият оғоз менамояд.

Like0