АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАРОИ ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории аксияи тозагӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил бо иштироки васеи кормандону омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 26-уми августи соли 2023 шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ дохил ва гирду атрофи муассиса тозаву озода карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Душанбешаҳр бо ташаббусу роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷавону донишманди он муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз беҳтарину зеботарин пойтахти ҷаҳон табдил ёфтааст.

Like0