ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ОРМОНҲОСТ

Нагардам сер аз рӯи Душанбе,

Хаёлам меравад сӯйи Душанбе.

Ба мақсад мерасад оне ки нӯшид,

Гулоби синаи ҷӯйи Душанбе.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои зебову тамошобоб ва орому амнтарин мубаддал гардидааст. Бояд қайд намуд, ки шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор рафта, он маркази тамаддун, фарҳанг, илм ва равобити дӯстӣ миёни дигар шаҳрҳову давлатҳои сайёра мебошад.

Агар ба таърихи Душанбе нигарем, бояд тазаккур дод, ки баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти милли марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Дар ин миён тоҷикон низ пойтахти худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки шаҳри Душанбе рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода, имконоти сайёҳиаш басо бузургтар шуда истодааст. Дар панҷ соли охир дар шаҳри Душанбе як қатор навгониҳое, шудаанд, ки ба ҳусни он зебогии дучанд илова намуда, қалби оламиёнро тасхир намудааст. Масалан, дар маркази шаҳр қомат афрохтани Парчами баландтарин, ки дар китоби Рекорд ворид гардидааст, босуръат қомат афрохтани хонаҳои баландошёна, меҳмонхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, азнавсозиву тармиму таъмири боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, театрҳои типи ҳозиразамон, мактабҳои типи нав ва ба стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ, харидорӣ намудани нақлиёти наву замонавии мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва сохта ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ ва амсоли онҳо боис гардид, ки Душанбе ба шаҳри дорои имконоти хуби сайёҳӣ мубаддал гардад ва ба ҷаҳониён ҳамчун шаҳри дорои тамаддун ва зебогиҳои нотакрор муаррифӣ шавад.

Дигар омиле, ки ҳисси баланди шаҳрнишинии сокинонро боло мебардорад, ин ҳамасола аз ҷониби шаҳрдорӣ эълон гардидани як қатор озмунҳову мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Масалан, озмунҳои шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, “Сайри гули лола”, “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, “Доноякон” ва дигар озмунҳои маърифативу фарҳангӣ ва илмӣ боис мегарданд, ки сатҳи маърифати шаҳрнишинии сокинони пойтахт баланд гардад, онҳо аз ҷиҳати дониш ва илмӣ хуб инкишоф ёбанд ва барои ояндаи дурахшони пойтах ва Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Инчунин, ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашнҳои милливу сиёсӣ ва Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои сатҳи шаҳриву минтақавӣ ва байналмилалӣ ташкилу баргузор карда мешаванд, ки барои боз ҳам муаррифӣ гардидани шаҳри Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидаткунандаанд.

Дар баробари ҳамаи ин пешравиҳо, бо дастгирии Пешвои маҳбубу ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷавону бунёдкори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Душанбе аз давлатҳои хориҷа дарахтони нодири ороишиву сояафкан оварда шуд, ки ба ҳусни шаҳрамон зебогиҳои хоссае зам намудаанд ва ҳар гоҳе ба сайругашт бароем зебогии онҳо инсонро мафтун намуда, ба ҷону тан роҳат мебахшад.

Мавриди қайд аст, ки агар ба инсон ғизову саломатӣ, ба дарахт об, ба автомобил сӯзишворӣ, барои навиштан қалам, барои тан либос ва барои пой пойафзол лозим бошад, барои ҳар давлату миллат ва шаҳр амнияту осоиштагӣ лозим ва зарур аст ва хушбахтона, амнияту осоиштагӣ дар саросари Тоҷикистон, бахусус, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дида мешавад. Пӯшида нест, ки ҳар сокине, ки дилхоҳ вақт ба кӯчаҳои Душанбе барои сайругашт мебарояд бо дили пур ва оромона метавонад саёҳат кунад. Инҷост, ки дар асоси мушоҳидаҳо ва фикру ақидаҳои сайёҳон ҷиҳати таъмин будани амнияту осоиштагӣ дар пойтахт ва дар маҷмуъ саросари кишвар Тоҷикистони азизамонро ба қатори даҳгонаи кишварҳои амнтарин шомил намудаанд. Банда ҳамчун сокини шаҳри Душанбе ифтихорманд аз онам, ки дар пойтахт зиндагӣ намуда, ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони он шуғл меварзам ва дар назди виҷдон савгад ёд кардаам, ки то ҷон дар бадан дорам барои ободии кишвар ва пойтахти азизамон, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва ҳуввияти миллии сокинони шаҳри Душанбе заррае ҳам бошад саҳми худро гузорам.

Боиси ифтихору таҳсин аст, ки имрӯзҳо ҳангоми қадамзанӣ ва сайру саёҳат ба чашм мерасад, ки сокинони шаҳри Душанбе одоби шаҳрнишиниро қатъиян риоя менамоянд, бо меҳмонону сайёҳон хушмуомилагиву рафтори шоиста мекунанд, инчунин бо маданияти баланди шаҳрдорӣ ба ҳама он моликияте, ки дар шаҳр барои ороишу тамошо ва истифодаи шаҳрвандон таъмин карда шудааст, эҳтиёткорона муносибат менамоянд. Аз ин рӯ, аз нуктаҳои дар боло зикргардида хулоса баровардан мумкин аст, ки бо сатҳи баланди корбарии шаҳрдорӣ ва зиёиёни пойтахт ба сокинони шаҳри Душанбе боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, дар солҳои минбаъда Душанбе боз ҳам маҳбубтару машҳуртар мегардад ва умеди тамоми сокинони пойтахт низ чунин аст, зеро Душанбе қалби Тоҷикистон ва маркази фарҳангиву тамаддуни тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар фарҷоми сухан як шеъри зебои тароватбахшеро дар васфи Душанбе – пойтахти Тоҷикистон пешкаши хонандагон менамоям.

Гуфтем чанд шеъре дар бораи Душанбе,

Дар васфи одамони ғамхораи Душанбе.

Бошанд гар мададгор арвоҳи поки пирон,

То осмон барояд гаҳвораи Душанбе.

Бар обу хоки покаш ҳарчанд дилкашоланд,

Надҳам зи даст ҳаргиз як пораи Душанбе.

Дар сафҳаҳои таърих бар хеш раҳ кушода,

Кайҳонкушоӣ дорад сайёраи Душанбе.

Ҳар лаҳзаву ҳама рўз бо дасти марди дилсўз

Бошанд арғувони рухсораи Душанбе.

Аз бӯи гул муаттар, мадҳуши мушку анбар,

Норинисост имрӯз овораи Душанбе.

Шеъру тарона бар лаб, чангу чағона бар каф,

Дастобадаст дорад маҳвораи Душанбе.

Саидаброр САИДӢ, сармуҳаррири нашрияи “Шамъи рӯзгор”-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0