БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

12-уми апрели соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Озмун тибқи низомнома аз рӯйи номинатсияҳо дар бахшҳои алоҳида бо ширкати васеъи донишҷӯён дар сатҳи баланд доир шуд.

Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раззоқӣ Шарафҷон иштирокчиёнро бо низомномаи озмун ва шартҳои он шинос намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки беҳтаринҳо ва ғолибони ҳама давраи озмун аз ҷониби раёсати Коллеҷ қадрдонӣ карда мешаванд.

Like0