НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Мафҳуми «террор» (лот.terror— ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатафканӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст. Истилоҳи «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Фаронса солҳои 1793 – 1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, аммо гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» (طرار) аст. Таррор дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.

Калимаҳои “терроризм”, “террорист”, “амали террористӣ” қоғазҳои пайгирӣ аз забони англисӣ мебошанд (terrorism, terrorist, act of terrorism). Ба маънои аслии худ ҳамаи онҳо бо терроризм ҳамчун сиёсати тарсонидан алоқа доранд. Аммо дар инҷо фарқиятҳо ба амал меоянд. Пеш аз ҳама, субъекти фаъолияти террористӣ, яъне террорист, чун қоида, на давлате, балки ташкилоте мебошад, ки дар назди худ роҳи ба қудрат расидан, ноором кардани ҷомеа, ба инқилоб тела додани халқ, ба ҷанг ворид шудан ва ғайраро ҳадаф қарор додаанд.

Баъзан “террор” – ро ҳамчун хушунати ғайриқонунии давлат нисбат ба ҷомеа дар маҷмуъ ё ба дигарандешону мухолифон маънидод мекунанд, аммо «терроризм» амалияи зӯроварии ғайриқонунӣ мебошад, ки аз ҷониби қувваҳо ва созмонҳои зидди давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Коршиносон дар мавриди замони пайдоиши терроризм ва дар мавриди баҳодиҳии воқеаҳои гузаштаи дур аз нигоҳи истилоҳоти муосир ихтилофи назар доранд. Онҳо ҳар гуна кушторҳои сиёсиро бо терроризм баробар медонанд ва аз ин рӯ решаҳои терроризмро ба замонҳои қадим бурда мерасонанд. Дар такя ба гуфтаҳои боло А. А. Королев чунин мешуморад, ки «ҳануз сесаду чил сол пеш аз эраи мо падари Искандари Мақдунӣ дар ҳамлаи террористӣ кушта шуд» Уолтер Лаккер қайд мекунад, ки вожаи “терроризм” дар аввал ба маънои муосир набуд. Воқеан ҳам терроризм дар ҷомеаҳои ибтидоӣ бо мақсади забти чорво хизмат мекард ва баъдан ҷузъи амалиёти ҳарбӣ гашт, ки аз ҷониби якчанд созмонҳо амалӣ мешуданд. У. Ланкер ташкилоти яҳудии Сикарии («ханҷарҳо»)– ро яке аз аввалин гурӯҳҳои террористӣ медонад, ки дар асри I – и мелодӣ дар Яҳудия амал мекард. Муаррихи фаронсавӣ М. Ферро терроризмро ба анъанаи хоси исломии Ҳашашаинӣ, ки асрҳои XI – XII рух додааст, боло мебарад ва Н. Неймарк бошад пайдоиши терроризми муосирро ба давраи барқарорсозии пас аз Наполеон оварда мерасонад. И. Александр, В. Чаликова ва дигарон терроризмро падидаи охири асри XX медонанд.

Намунаи классикии ташкилоти террористии асрҳои миёна, ки санъати ҷанги пинҳонӣ, амалҳои таҳрибкорӣ ва воситаҳои зӯроваронаро ба таври назаррас инкишоф додааст, Ҳашашаинҳо мебошад, ки тақрибан соли 1090 бо сардории Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро дар як водии куҳи дар шимоли Ҳамадон забт карданд. Минбаъд амалҳои террористӣ аз ҷониби давлатҳо барои ба даст овардани ҳукмронии баҳрӣ истифода мешуданд. Роҳзанӣ ба як навъ терроризм табдил ёфта буд.

Дар таърихи асрҳои XVI-XVII ҳикояҳои зиёдро, дар бораи роҳзанҳои машҳури баҳрӣ, ки баъзеи онҳо дар хидмати давлатҳо, подшоҳон, сарвазирҳо буданд, вохӯрдан мумкин аст. Бо кумаки роҳзанҳо хазинаи давлат пур карда мешуд. Ин ба он оварда расонд, ки роҳзании баҳрӣ ба як амали қонунӣ ва як варианти терроризми давлатӣ дар асрҳои миёна табдил ёфт. Бо ин роҳ як кишвар бе эълони ҷанг алайҳи киштиҳои кишвари дигар амалҳои террористӣ анҷом медод.

Дар давраи нав аввалин ҳамлаи террористии оммавӣ ба Инқилоби Фаронса (1793 – 1794), ба истилоҳ “ҳукумронии терроризм” алоқаманд аст. Муқобилият аз ҳарду ҷониб ба назар мерасид ва ба ғайр аз ин тамоми ин давра муқобилияти душмани берунӣ мушоҳида мешуд. Аз ин рӯ, дар дохили мамлакат як силсила амалиётҳои террористӣ ба амал омад, ки дар он шумораи зиёди аҳолӣ кушта шуд. Таърих дар ин муддати кутоҳ дар он замон аз ин зиёдтар кушторро намедонист.

Ҳамагон хуб медонанд, ки терроризм ба ягон асоси миллӣ ё мазҳаби муайян рабт надорад. Вай ба муқобили ҳукумати мавҷуда, бо мақсади гӯё тағйир додани мавқеи вай аз рӯи мушкилоти муайян нигаронида шудааст, чунончӣ дар Шарқи Наздик рӯй дода буд: ин минтақа ба майдони ҷанги байни ду қувваи калонтарин — ИМА ва ИҶШС табдил ёфта буд. Зараре, ки ба фаластиниён дар натиҷаи ҷангҳои солхои 1947, 1948, 1956, 1967 ва 1973 расонида шудааст, хело бузург буд. Албатта ин ҳодисаҳои мудҳиш ҳеҷ гоҳ аз саҳифаҳои таърихи башар пок намешаванд

Сиёсатшиносон чор навъи ҷаҳонии терроризми замони нав ва муосирро ҷудо мекунанд.

1. Солхои 80-ум дар Россия, Европа ва Амрикои Шимолӣ паҳн шудани ақидаҳои инқилобӣ;

2. Ҳаракатҳои зидди мустамликадорӣ ва миллӣ – озодихоҳии асри XX;

3. Фаъолияти гурӯҳҳои «Чапхои нав» дар соли 1970;

4. Ҷаҳонишавӣ, ки дар охири солҳои 1970 оғоз шуда, то имрӯз идома дорад (аз ҷумла терроризми муосири динӣ).

Пажӯҳишгарон қайд мекунанд, ки бештари ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳое сурат гирифтаанд, ки аксари аҳолиашон мусулмонанд. Аз ҳафт гурӯҳи хатарноки террористӣ шаштоаш ба Ал-Қоида иртибот доранд, ки ҳатто давлати худро бо номи ИГИЛ (ДИИШ) ташкил дода буданд. Пойтахти давлати тундрави эътирофнашуда шаҳри Раққа буд. Дар он ҷо 40—50 ҳазор нафар ҷанговарони миллатҳои гуногун зиндагӣ менамуданд.

Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризмро ҳамчун кирдори ба ҷомеа хавфнок баҳо дода, бар зидди он муборизаи беамон бурда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин вабои аср мубориза бурда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки 21 – уми апрели соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба чораҳои пурзури мубориза бар зидди терроризм” бароварда шуд. Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва стратегияҳо дар бораи мубориза бар зидди терроризм қабул шудаанд.Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташакилона”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” қабул карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш аз 1 – уми июни соли 2021 таҳти № 187 тасдиқ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон аҳолии кишвар хусусан ҷавононро таъкид месозанд, ки аз ин хатари ҷаҳонӣ эҳтиёт бошанд. Роҳбари давлат дар баромадҳояшон бахусус қайд менамоянд, ки “Терроризм ватан, забон, нажод, дин ва мазҳаб надорад”.

Терроризм ва ифротгароӣ хатари бузургтарини ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳар як фарди ҷомеа тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худро аз ҳар гуна гурӯҳу ташкилотҳои ифротие, ки зери ниқоби дин баромад мекунанд, дур созанд.

С. Нозимов, мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ

Кароматуллои У., ассисенти кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ

Like0