АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАРОИ БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ДУШАНБЕШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории аксияи тозагӣ зери унвони “Пойтахти азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем” имрӯз (08.04.2023) бо иштироки васеи донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ дохил, гирду атрофи муассиса, минтақаи аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба таълимгоҳ вобастакардашуда, аз назди Коллеҷ то ба боғи фарҳангӣ-фароғатии Мир Алишери Навоӣ тозаву озода карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир Душанбешаҳр бо ташаббусу роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷавону донишманди он муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз беҳтарину зеботарин пойтахтҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Like0