ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми июни соли 2023 чемпионат оид ба варзиши сабук дар байни калонсолон ташкил ва баргузор карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи соли 2-юми шуъбаи ғоибонаи таълимгоҳ Шерзода Дилноза сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷӣ, диплом ва туҳфаи хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Инчунин 4-уми июн бо ибтикори Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон нимарафон миёни варзишгарони Тоҷикистону Россия ташкил ва баргузор карда шуд. Ифтихормандона гуфта метавон, ки донишҷӯ Шерзода Дилноза дар ин мусобиқа низ сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷӣ ва “One Run”-и Федератсияи Россия сарфароз карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳои варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ муҳассилини Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

ИН ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНД МУБОРАКАМОН БОШАД.

Like0