ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 24-уми январи соли 2023 ҳамоиши илмӣ зери унвони “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он декани факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология Муродҳусайн Илҳомов, мудири кафедраи фанҳои табиӣ Бахтовари Мирзовалӣ ва омӯзгорони ҳамин кафедра иштирок намуданд.

Чорабиниро декани факултет Муродҳусайн Илҳомов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машъали роҳнамо барои миллати тамаддунофари тоҷик буда, ҳуҷҷати муҳим баҳри фардои дурахшони кишвар аст.

Боиси ифтихори мо аст, ки дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Инчунин, дар соли 2025 конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар партави Паёми Президент як қатор нақша – чорабиниҳо ба тавсиб расида, халқи азизи мо ба дастоварду мувафақиятҳои назаррас ноил мегарданд.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои табиӣ Бахтовари Мирзовалӣ дар мавзуи «Рушди саноат бахши муҳими Паёми Президент», ассистентони кафедра Искандар Усмонов ва Умедҷон Қодиров дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Президент маъруза намуданд.

Дигар иштирокчиён низ доир ба самтҳои гуногуни Паём фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Like0