ОМОДАГӢ БА ДАВРАҲОИ МИНБАЪДАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон –Тоҷикистон озмунҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ва донишазхудкунии шаҳрвандон баргузор мегарданд.

Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат фаъолият намуда истодаанд, имсол озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ, огоҳ намудани шаҳрвандон аз таърихи бою пурғановати хеш эълон гардид.

Раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми кишвар даври аввали ин озмунро дар муассиса дар сатҳи баланд баргузор намуд.

Боиси зикри хос аст, ки дар даври аввали озмун 54 нафар донишҷӯ, 23 нафар омӯзгор ширкат намуданд. Ғолибони даври аввал барои ба даст овардани ҷойҳои намоён дар давраҳои минбаъда ҳамарӯза дар китобхонаи муассиса бо роҳбарии омӯзгори кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ Муҳаммадҷон Юсупов омодагиии ҷиддӣ дида истодаанд.

Суратгузориш аз раванди омодагии озмун дар китобхона пешниҳод мешавад.

Like0