Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳаллу соҳилҳо, ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои Душанбешаҳр 29 октябри соли 2022 бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Инчунин, иштирокчиёни шанбегӣ ба онҳое, ки гирду атроф ва роҳрави Коллеҷро таъмир доштанд, ёрӣ расониданд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои азнавсозӣ ва баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷаъмона барои омодагии муассиса ба фасли зимистон буда, мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ минбаъд низ бо ширкати васеи устодону донишҷӯёни Коллеҷ шанбегиҳо доир карда мешавад.