Бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми октябр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзуи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, раёсати Коллеҷ, олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.

Дар суханронии хеш масъулин изҳор доштанд, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз ва санадҳои ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдори миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст. Пешвои муаззами миллат, ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи ин Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат баҳо додаанд, чунки он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Қайд гардид, ки дар ин давраи муракка Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти рушд ва тараққиёти онро дар Иҷлосияи 16-ум муайян намуд ва роҳбарияти нави кишварро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард.

Дар ин Иҷлосия раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ барномаи мукаммал ва мушаххаси аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Боиси зикру ифтихор аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷомеаро ба низом дароварда, мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар бовар кунонид ва ҳар як фарзанди худшиноси ин диёр тамоми неруву ғайрат ва ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд.