Ба муносибати ҷашни фархундаи Меҳргон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ 22-юми октябри соли 2022 чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид, ки дар он маҳсули заҳмати деҳқонон ва ҳунарҳои дастии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.

Раёсати Коллеҷ аз гушаҳои идонаи факултетҳо боздид намуда, муайян карданд, ки дар озмуни “хони беҳтарин” факултети табиӣ-риёзӣ ҷойи аввал, факултетҳои забонҳои хориҷӣ, педагогика ва психология ҷойи дуюм ва факултети филология ва таърих сазовори ҷойи сеюм аст.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба ҷашни аҷдодии Меҳргон табрик гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон Иди Меҳргон чун дигар ҷашнҳоии миллӣ бошукуҳ таҷлил карда мешавад.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни ҳунарманди факултетҳо чорабинии хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.