Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ҷавонон бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ 19-уми октябри соли 2022 ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он номзадони илм ва профессорон аз Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ чорабиниро ифтитоҳ карда, изҳор дошт, ки мақсади асосии роҳандозии чунин ҳамоиш бо ширкати соҳибзабонон баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи маорифи муассисаҳои ду кишвари ба ҳам дӯст Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.

— Мо тасмим дорем, ки ин иқдомро бо даъвати дигар соҳибзабонон идома дода, барои ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва донишҳои муосир саҳм гузорем, зеро ин вазифаи асосии ҳар кадоми мо ба ҳисоб меравад, — чунин зикр кард директор Зоир Ғафурӣ.

Дар идома доктор Шаҳбоз Амил, ёвари профессори Маркази тадқиқоти форсӣ ва Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳруии Ҳиндустон, профессор Муштак Садаф, доктор Маҳеш Ранҷон Дебата, доктор Фуад Ҳалим ва доктор Сайра Шоҳ Ҳалим дар бораи таърих ва гиромидошти забони тоҷикӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ, муносибатҳои байналмиллалии дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон ва муоширату омӯзиши забон тавассути расонаҳои иттилоотӣ суханронӣ намуда, баргузории ин чорабиниро муҳим шоистаи пайравӣ гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар охир чун рамзи дӯстӣ аз ҷониби раёсати Коллеҷ ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ ба ҳамдигар тақдим карда шуд.