Дар доираи нақшаи чорабиниҳои маҳфили “Стипендиантони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” доир гардид.

Дар чорабинӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, собиқадори меҳнат, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва технология Латофат Насриддинова, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Марҷона Ҳакимзода, роҳбари Маҳфили “Стипендиантони ҷавон” Шодмеҳр Абдуқодириён, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Умриддин Юсуфӣ, гирандагони стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни фаъол ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш баромадкунандагон аз баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ибрози андеша намуданд.

Дар охир чанд нафар аз омӯзгорони ҷавон бо сипосномаҳову ифтихорномаҳо сарфароз шуданд. Инчунин, як гуруҳ ҷавонони фаъол ва меҳмонони чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд бо сипосномаи Коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.