7-уми октябри соли 2022 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Пешгирии ҷавонон аз пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Файзигул Сайвалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳусенов Далер ширкат варзиданд.
Директори муассиса Ғафурӣ Зоир чорабиниро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар партави таъкиду суханҳои Пешвои муаззами миллат, роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон зикр кард, ки ҷавонон, бояд масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, зиракии сиёсиро аз даст надода, Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзуи доғи рӯз — шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гуруҳҳои ифротиву террористӣ суханронӣ намуда, сабаби асосии шомил шудани онҳоро ба гуруҳҳои тундрав аз нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукамал будани фаҳмишашон ҳисобиданд.
Ба андешаи онҳо, агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар охири чорабинӣ кормандони муассиса М.Қосимова, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот, С. Ибрагимова, – муовини директор оид ба тарбия ва Н. Бобоқулова, мудири шуъбаи умумӣ барои фаъолияти пурсамар бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.