Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки роҳу усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро дар шароити имрӯза муайян ва тақвият дода, дар раванди таълиму тадрис самаранок истифода барад.
Дар робита ба ин 5-уми октябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Роҳҳои тақвияти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории конференсия беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани дониши касбӣ ва сатҳи забондонии донишҷӯён мебошад.
Дар конференсия зиёда аз 60 маърузаҳои пурмуҳтаво аз тарафи донишмандони соҳаи забон ва забоншиносӣ пешниҳод гардида буд.
Директори муассиса Ғафурӣ Зоир конференсияро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, инчунин, дар бораи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки: “Дар сатҳи баланд муоширати касбӣ намудан бо забони модарӣ ва хориҷӣ ҷаҳонбинии васеъ, дарки баланди масъалаи ба миёномада ва дигар маҳорату малакаҳои касбие, ки мафҳумҳои асосии ҳар як тахассус мебошанд, барои мутахассисони оянда калиди муваффақиятҳояшон дар оянда мебошад.”
Дар идома сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода баромад карда, баргузории чунин чорабиниро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки меҳмон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон Муштоқ Аҳмад, ки айни замон ба ҳайси профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар конфренсия ширкат варзида, андешаву пешниҳодоти хешро доир ба омӯзиши ин ё он забони хориҷӣ манзури ҳозирин кард.
Ҳамчунин, дар бахши ифтитоҳии конференсия аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода — декани факултети филологияи рус Лемара Джамирова ва мудири кафедраи забоншиносии умумӣ Шаҳло Ҳасанова бо маърузаҳои пурмуҳтаво суханронӣ карданд.
Дар анҷоми бахши аввали конференсия директори муассиса ҳозиринро бори дигар ба ин рӯзи забон табрик гуфта, идомаи маърузаҳоро ба қисмати дуюми конференсия, ки дар бахшҳои алоҳида баргузор карда шуданд, тавсия намуд.