Бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 4-уми октябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид, ки дар он директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ, собиқадорони меҳнати муассиса: Ширин Қурбонова, Юсупова Ҳабиба, Юлчиев Мавҷуда ва Қурбонова Сайёра ширкат доштанд.

Нахуст бояд қайд кард, ки дар пайравӣ ба ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Коллеҷ кормандони собиқи муассиса бо гулдаста ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, бахшида ба Рӯзи омӯзгор ба кормандон ва омӯзгорони таълимгоҳ мукофотпулӣ дода шуд.

Директор Ғафурӣ Зоир ҳозиринро ба ифтихори ин ду ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, доир ташаббусҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Инчунин, директор дар бораи мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва забони давлатӣ ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки саҳми омӯзгор дар омӯзиши забон ва рушду нумуи он дар гузашта ва ҳоло аввалиндараҷа мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгоронро метавон ҳомии асосии забони модарӣ номид.

Баъдан аз ҷониби раёсати Коллеҷ ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин” ва “Ровии беҳтарин”, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ роҳандозӣ шуда буданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Ғафорзода Билол як гуруҳ кормандони фаъол бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.