Табрикоти директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Устодони муҳтарам!

Шогирдони азиз!

Омӯзгорон дар кишвари соҳибистиқлоли мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи воло доранд, зеро мардуми сарбаланду куҳанбунёди тоҷик ба устодон эҳтироми бузург дошта, онҳоро чун машъалафрӯзи даврон эътироф кардаанд.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустқадамҳои худ ба ҷодаи сиёсат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятманд эълон намуда, барои дастгириву роҳнамоии омӯзгорон ташаббусҳои созанда ва корҳои мондагореро ба анҷом расонидаанду мерасонанд. Давра ба давра баланд кардани маоши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф аз ибтикороти беназири Президенти маҳбуби кишварамон ба ҳисоб меравад.

Дӯстони гиромӣ!

Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таълиму амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техникӣ ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, такмили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, омӯзгор афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст.

Ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Боиси ифтихор аст, ки Коллеҷи мо макони таълиму тарбия ва ошёни омӯзгорони оянда аст. Шогирдони мо фардо ба унвони ифтихории омӯзгорӣ соҳиб шуда, барои рушди соҳаи маориф ва илм ҳиссаи шоистаи худро мегузоранд.

Мо, раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шумо, устодон, омӯзгорон ва шогирдони азизро ба ифтихори ҷашни омӯзгор самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву сарбаландӣ ва шодиҳои рӯзгорро таманно менамоем.

Ҷашни фархундаатон муборак!