Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 22-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – бунёдгузори шеъри тоҷикӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ доир ба зиндагӣ ва осори арзишманди поягузори шеъри тоҷик — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ибрози назар карда, изҳор дошт, ки ҳамасола дар мамлакати соҳибистиқлоламон 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ – тавонотарин шоири замони Сомониён ва бунёдгузори адабиёти тоҷику форс таҷлил мегардад.

Дар идома омӯзгорони факултети филология ва таърих оид ба осор ва фаъолияти гуногунҷабҳаи устод Рӯдакӣ суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди Коллеҷ барномаи фарҳангиеро бахшида ба рӯзгори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешка

ши ҳозирин намуданд.