Бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 8-уми сентябри соли 2022 чорабинии идонаи тантанавӣ бо ширкати директори муассиса Зоир Ғафурӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Шоҳмансур ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки “Имрӯз муассисаи овозадори мо қабои идона дошта ва ба таҷлили солгарди фархундаи ҷашни Истиқлол омода мебошад. Инчунин, боиси зикру ифтихор аст, ки як гуруҳ донишҷӯёни мо дар намоишҳои идона ба муносибати ин ҷашни бузурги давлатӣ дар пойтахти кишварамон Душанбеи ҳамешасабз фаъолона ва бо масъулияти баланду ифтихори миллӣ ширкат меварзанд.”

Дар идома чорабинии фарҳангӣ-фароғатии хотирмон аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдод ва бахши фарҳанги коллеҷ пешниҳод ҳозирин гардид.

Инчунин, аз ҷониби раёсати коллеҷ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, донишҷӯёни фаъол, омӯзгорони собиқадор ва кормандоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол доранд, бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.