Ҳозирини арҷманд!
Устодони гиромӣ!
Донишҷӯёни азиз!
Имрӯз дар қаламравии Тоҷикистони азизамон яке аз ҷашнҳои фархунда – Рӯзи дониш таҷлил мегардад ва дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз мешавад, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён –устодону донишҷӯёни гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсили 2022-2023 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омӯзиши илму дониш ва пажӯҳиши илмӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда ва мақоми маорифро афзалият бахшида, аз ҷумла, таъкид кардаанд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ дорад».
Маврид ба ёдоварист, ки аҳли маорифи кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 31 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, аз ин рӯ, дар симои шумо мардуми шарифи ин сарзаминро самимона ва содиқона табрик менамоям.
Устодон ва шогирдони азиз! Маҳз заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатӣ буд, ки дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба назар мерасад. Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли коллективи меҳнатии Коллеҷи омӯзгорӣ барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд. Дар ин маврид, Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки «… рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърифат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад».
Бояд тазаккур дод, ки касби омӯзгорӣ миёни дигар касбу ҳунарҳо арзишмандтарин, муқаддастарин, пуршарафтарин ва заруртарин пеша ба ҳисоб меравад. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамзамон, масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ ба роҳи росту беолоиш бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба буд, ҳаст ва мемонад. Маҳз бо ҳидояти омӯзгорону устодон ҳамаи мо соҳиби донишу маърифат, фаросати маънавӣ, шомил ба дараҷаҳои баланди инсонгарию илмӣ, вазифаҳои гуногун гардида, дар ин радиф моҳияти ҳаёт, масъулияти худшиносиву ватандорӣ ва азиз доштани арзишҳои миллиро шинохтаем. Аз ин рӯ, ҳамеша ҷамъият ба муаллим эҳтироми зиёд дорад, бо муҳаббат ва самимият шогирдон номи устодони собиқадору имрӯзаро гиромӣ медоранд ва аз таҷрибаи бузурги онҳо доимо кӯшиш менамоянд, ки дар зиндагии худ истифода кунанд.
Имрӯз яке аз соҳаҳои муҳим ва бештар дархӯри ҷомеа, ки низом ва пешрафти он метавонад боиси ба тартиб ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётии кишвари мо гардад, ин соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Бинобар таваҷҷӯҳи зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи тақдирсози миллат ва рушди онро самти афзалиятноки сиёсати давлат ҳисобида, ғамхорӣ кардан ба аҳли маориф аз ҳама ҷиҳат қобили пазироист.
Аз ҷумла, талаботи имрӯзаи давлат ва ҳукумат аз муассисаҳои таълимӣ, ки мутахассиси имрӯза бо илму дониши навтарин ва аз техникаву технологияи муосир огаҳӣ дошта бошад ва на камтар аз ду — се забонро дар сатҳи баланди касбӣ аз бар намояд, моро низ вазифадор менамояд, ки пайваста дониши худро такмил диҳем ва барои такмил ёфтани маърифати шогирдон ҷаҳду талош варзем.
Хусусан, қарни ХХ1, ки асри техника ва технология ба шумор меравад бояд ҳамаи мо илму дониши худро ба талаботи он баробар намоем. Ба воситаи дониш ва огаҳӣ аз нозукиҳои технологияи муосир дар муассисаҳои таълимӣ усулҳои хуби беҳбудии сифати таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, шогирдонро дар рӯҳияи инсонгароӣ, мутахассиси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, тарбия созем.
Бинобар ин, бо эътимоди комил ва самимона метавонам гӯям, ки дар ин давраи ҷаҳонишавии арзишҳо ва воридшавии тағйироту дигаргуниҳо дар низоми илму маориф, маҳз бо дастгирии доимии Шумо ҳамкасбони азиз, ва устодони арҷманд мушкилоти дучоромадаро дар муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи маорифи кишвар бо ҳамдастӣ ва ҳамраъйӣ бартараф месозем ва низоми таълиму тарбияро беҳтар менамоем. Ҳамчунин, шогирдони бомаърифату соҳибмаълумот ва хушсалиқа ба камол расонем ва бо ин пайомад ба ҳадафҳои неки ислоҳоти соҳаи маориф ва такмили мактаби миллӣ ноил шавем.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод гуфта, бароятон фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш, барору комёбиҳои беназир, тандурустиву умри дароз, бахту саодат ва иқболи баландро таманно менамоям.
Соли нави таҳсил фархунда бод!