Санаи 22.08.2022 вохӯрии директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ З. С. бо донишҷӯёне, ки дар тамринҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузор гардид.
Дар ин вохурӣ роҳбари муассиса аз аҳволи донишҷӯён аз наздик шинос шуда, барои иштирок дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин зикр карданд, ки донишҷӯёне, ки дар ин чорабинии сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар муассиса дастгирӣ карда мешаванд ва ё ҳавасманд гардонида мешаванд.
Илова бар ин, таъкид намуданд, ки ба иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо хӯроки гарми яквақтаина дода мешавад.
Дар охир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷиҳати дастгирии донишҷӯён пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.