Дар санаи 21.08.2022 бо ташаббуси роҳбарият Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он омӯзгорони ҷавон ва кормандони қисми хоҷагии муассиса саҳми арзанда гузоштанд. Мақсад аз ташкил намудани ҳашарҳои умумишаҳрӣ ин пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва гулшинонӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад.