Бо мақсади иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016 № 471 қабул ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2016 № 265 ҷонибдорӣ карда шудаст ва баҳри расидагӣ кардан ба арзу шикояти шаҳрвандон санаи 20-уми августи соли 2022 аз тарафи роҳбари тозатаъйини Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз субҳи барвақт қабули шаҳрвандон гузаронида шуд. Волидайн, донишҷӯён ва дигар корафтодагон ба аксарияти саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, барои дар чунин сатҳ ташкил намудани қабули шаҳрвандон ба директори муассиса Ғафурӣ З.С. изҳори миннатдорӣ намуданд.
Директори муассиса ҳамаи шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки дар оянда низ қабули шаҳрвандонро сари вақт гузаронанд ва ҳаракат намоянд, ки ин корро дуруст ташкил намуда, табақаҳои ниёзманди аҳолиро то ҳадди имкон дастгирӣ намоянд.