Санаи 19.08. 2022 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тағйироти кадрӣ гузаронида шуд.
Бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ дар мувофиқа бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба вазифаи директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло таъйин гардиданд.
Абдухолиқзода Лутфия собиқ директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ муњтарам Одиназода Латофат Амиршоро барои хизматҳои назаррасашон дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ҳамчунин барои интихоб шуданашон ба вазифаи директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кулоб табрику таҳният намуданд.
Дар охир ба директори тозатаъйин Ғафурӣ Зоир Саъдулло барои масъулияти навбатиашон барору комёбӣ таманно намуданд.
Ҳайати устодону кормандони муассисаи давлатӣ-таълимии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ Ғафурӣ Зоир Саъдуллоро бинобар таъйин шуданашон ба вазифаи Директори муассисаи мазкур сидқан шодбош гуфта, дар самти фаъолияти кориашон муваффақиятҳои чашмрасро таманно менамоянд.