Дар санаи 30.07.2022 бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи супориши Протоколи №18, банди 1, сархати 9 ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 23 июли соли 2022 ва мактуби содиротии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз 27.07.2022, №6/1-1528 бо назардошти дар рӯзҳои шанбе ташкил намудани ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин гузаронидани корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва гулшинонӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни муассиса саҳми арзанда гузоштанд.