Санаи 16-уми июн дар ташкилоти ибтидоии “Донишвар” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Сайвализода Салим- мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электронии аъзоёни ҲХДТ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Ҳомидзода Насимҷон ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Сараввал Одиназода Латофат- раиси ташкилоти ибтидоии “Донишвар” ҳисобот дода, аз ҷумла зикр кард, ки дар давраи сипаригардида, аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Донишвар” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар ташкилоти ибтидоии “Донишвар”- и Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои болои ҳизбӣ як чанд корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар муассиса 15-нафар ятимони кул таҳсил менамоянд. Маъмурияти муассиса тамоми чораҳоро барои беҳтар гаштани шароити таҳсили онҳо андешида истодааст. Ҳамасола ин донишҷӯён аз пардохти маблағи хобгоҳ пурра озод ба гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон гузаронида мешаванд. Аз тарафи роҳбарияти муассиса дар якҷоягӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони муассиса ба ин гурӯҳи донишҷӯён дар ҳар як ҷашну маросимҳо кумакҳои пулию молӣ расонида мешавад.
Дар соли таҳсили 2021-2022 баҳри нигоҳ доштани иқтидори таълимии мавҷуда ва болобарии самаранокии таълим дар асоси татбиқи навовариҳо, банақшагирии мақсадноки раванди таълим, назорати сифати иҷрои нақшаҳои таълимӣ, таъмини фаъолияти илмӣ ва методӣ ва баланд бардоштани сифати таълим чунин корҳо ба анҷом расонида шудаанд: Раванди таълим дар асоси нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардашуда, ба роҳ монда шудааст.
Раёсати коллеҷ оид ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи сифати дониши донишҷӯён нақша- чорабиниҳо тартиб дода, баҳри амалӣ гардонидани он як қатор муваффақиятҳо ба даст овардааст. Масалан:
1. Ба курсҳои бозомӯзӣ фиристодани омӯзгорон;
2. Ташкил намудани китобхонаи электронӣ;
3. Чоп намудани дастурҳои илмӣ — методӣ дар кафедраҳо;
4. Гузаронидани семинару машваратҳо бо омӯзгорон оид ба ҳуҷҷатдории низоми таҳсилоти кредитӣ.
Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии мукаммалгардонӣ ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар давраи то соли 2030” соли таҳсили 2021-2022 бинои таълимии факултети забонҳои хориҷӣ аз таъмири капиталӣ пурра бароварда шуд. Синфхонаҳои факултет бо лавҳаҳо, маводҳои таълимӣ вобаста ба ихтисос ҷиҳозонида шудааст. Инчунин бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабинии муассиса оид ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология ду синфхона –озмоишгоҳ барои гузаронидани дарсҳои лабаратории фанҳои физика ва химия таҷҳизонидашуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сипас бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ раёсати ташкилот, раиси ташкилот, муовини ӯ, масъулини комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, як нафар вакил ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сайвализода Салим- мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электронии аъзоёни ҲХДТ суханрони намуда, зикр кард, ки ҲХДТ дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндаги шоистаи ҳар фарди ҷомеа, имкониятҳои мусоид ҷиҳати ташаккули нерӯи инсонӣ дар асоси баробари адолати иҷтимои ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, пайваста кӯшиш менамояд.
Дар охир фаъолон бо сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.