ТАБРИКОТ
Устоди азизу гиромиқадр, маъмурият ва аҳли кормандону донишҷуёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Шуморо ба рўзи мавлуди хуҷастаатон табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози бобаракат ва дар татбиқи ҳадафҳои созанда ба хотири рушди маорифи кишвар бурдборӣ ва муваффақиятро хоҳонанд.
Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад. Аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Бо эҳтиром Одиназода Л.А.