Дар санаи 11-уми майи соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Лутфия Абдулхолиқзода дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимхон Вализода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён аз Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дидан намуданд.
Муҳтарам Л. Абдулхолиқзода пеш аз ҳама аз факултетҳои муассисаи таълимӣ дидан намуда, бо донишҷӯёну омӯзгорон суҳбати озод анҷом доданд. Муовини вазир аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил дар муассиса ва шароити зист дар хобгоҳ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, истифодаи тахтаҳои электронӣ аз ҷониби омӯзгорон ва чанде дигар шинос гардиданд. Дар идома, муовини вазир аз китобхона, хобгоҳ ва бунгоҳи тиббии муассиса дидан намуданд.
Сипас, бо иштироки маъмурияти муассиса ҷаласаи корӣ доир намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, инчунин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатию забонҳои хориҷӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории коллеҷ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъсиси кафедраҳои методикаи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.