Чи хеле ба ҳамагон маълум аст тайи 77 –сол аст, ки халқи сарбаланди тоҷик дар қатори дигар халқҳои сулҳпарвари ҷаҳон иди Зафарро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн менамоянд. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 77-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 — миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи падарони шуҳратманд аст.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халкҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Ҷоннисорӣ ва ватандӯстии ин родмардон буд, ки некӣ бар бадӣ ғалаба кард ва имрӯз ҳар яки мо дар фазои софу муҳити ором кору фаъолият менамоем.
Санаи 7-уми май дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Иди Зафар бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Чорабиниро директори муасссиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи дастаи ҳаваскорони муассиса барномаи беҳтарини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир ба як қатор кормандон-собиқадорони Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ифтихорномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва муассиса тақдим карда шуд.